НБО-и Норак 40-сола шуд
КОХИ НУРУ БАРАКАТЧИЛ СОЛ МУҚАДДАМ – 14 НОЯБРИ СОЛИ 1972 АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО-и НОРАК БА ТАВРИ САНҶИШӢ БА КОР САР КАРД ВА РЎЗИ 15 НОЯБР, СОАТИ 8-37-и СУБҲ БА ИСТЕҲСОЛИ НЕРЎИ БАРҚ ШУРУЪ НАМУД. Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нерўгоҳи Норак, ки дар ин муддат чун манбаи нуру ҳарорат бетанаффус хидмат дорад, як дастоварди азими ақлу дасти инсон аст, ки бо қувваи муъҷизаноки дўстии халқҳо дар кишвари мо бунёд ёфт. Барои тақвияти ин андеша, бояд хотиррасон намоям, ки лоиҳаи НБО-и Норак дар шуъбаи Пажуҳишгоҳи Умумииттифоқии «Гидропроект» дар Осиёи Миёна омода шуда буд. Бунёди неругоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмонии «Норакгэсстрой»-и трести «Тоҷиэнергострой» ва муассисаҳои махсуси Вазорати энергетика ва электрикунонии СССР амалӣ гардид. Гидротурбинаҳо ва дарбандҳои куррашакл дар заводи турбинаи шаҳри Харков; гидрогенераторҳо дар заводи «Уралэлектротяжмаш»; трансформаторҳо дар заводи трансформатори шаҳри Запороже; дарбандҳои туннелҳои қитъавӣ ва туннелҳои обпартоии садамавӣ дар Заводи мошинсозии Сизран; кранҳои 360 тоннагии бинои НБО дар Заводи механики Днепри Запороже сохта шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буданд.Вақте нерўгоҳ ба истифодабарӣ дода шуд, он аз маъруфтарин нерўгоҳҳои барқи обии олам ва ба мисли Гранд Кули ва Роберт Мозиси ИМА, бузургтар буд ва дар Иттиҳоди Шўравӣ мавқеи панҷумро ишғол менамуд. Алҳол низ Нерўгоҳи Норак бузургтарин нерўгоҳи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерўгоҳ бо иқтидори пурраш — 2700 МВт — соли 1979 ба истифода дода шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерўгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд. Умуман дарёи Вахш аз он рўдхонаҳое ба шумор меравад, ки аз ҷиҳати манфиати гидроэнергетикӣ дар олам камназир аст. Фарқи байни сатҳи болоӣ ва поёноби дарё 1834 метрро ташкил медиҳад, ки ин барои сохтмони нерўгоҳҳо ва истеҳсоли нерўи барқ хеле мувофиқ аст; Худо гўё ин дарёро маҳз барои бунёди нерўгоҳҳои барқи обӣ офаридааст.НБО-и Норак ба силсилаи нерўгоҳҳои Вахш, ки ба он, инҷунин нерўгоҳҳои Бойғозӣ, «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ, НБО-и сохташавандаи «Роғун» ва нерўгоҳи дар лоиҳа будаи «Шўроб» шомиланд, дохил мешавад. Дар сурати пурра ба истифода додани захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш имконият аст, ки соле то 36 миллиард кВт.соат нерўи барқ истеҳсол намуд.Дар заминаи нерўи барқе, ки дар ин нерўгоҳ ва дигар нерўгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии Тоҷикистон ва ғайраҳо созмон ёфт.Яке аз бозёфтҳои муҳими муҳандисиву энергетикӣ дар ин соҳа сарбанд ва обанбори дар тамоми олам машҳур НБО-и Норак ба шумор меравад. Сарбанди нерўгоҳ бо баландии 300 метраи худ алҳол баландтарин дар олам ба шумор меравад ва барои бунёдаш 54,2 миллион метрии мукааб сангу хок сарф шудааст. Масолеҳе, ки ин дарғот бунёд ёфтааст, айнан он сангу хок аст, ки аз он кўҳҳо ва теппаҳои атроф бино ёфтаанд. Вале бо сангу хок бунёд ёфтан маънои онро надорад, ки бо ин масолеҳ пеши маҷрои дарё баста шуда бошад. Баръакс, дар ин иншоот дараҷаи баланди бозёфти техникӣ-муҳандисӣ маҳфуз аст. Дарғот дорои мағзи (ядрои) марказӣ буда, такягоҳҳои он аз санги суфта ва қум пур карда шудааст. Масоҳати он аз мағз то такягоҳҳо бо филтрҳои ғафсияшон тағйирёбанда (4-10 м), ки аз маводи сунъӣ тайёр карда шудаанд, бастабандӣ шудааст. Ба хотири мустаҳкам ва тобовар будан, канорҳои дарғот аз ду тараф бо харсангҳои гарони –аз тарфи обанбор ғафсии қабаташон 20-40 метра ва тарафи резишгоҳи поён ғафсии қабаташон 5-10 метра — мустаҳкам карда шудаанд.Дар қисмати поёнии нишемангоҳ садди бузурги бетонӣ бунёд ёфтааст, ки он ҳамчун асоси мағзи дарғот хидмат менамояд. Ҳаҷми ин садди бузурги бетонӣ 149 ҳазор метри мукааб буда, вусъаташ дарозияш лаб-лаби маҷро 157 метр ва байни канорҳои дара аз 30 то 60 метрро ташкил медиҳад. Болои садди бетонӣ бо плёнкаи полимерӣ, ки бо ду қабат маводи шишапахта мустаҳкам карда шудааст. Ба хотири пешгирии кафидани қабат замин дар чуқуриии аз 40 то 130 метр дар поении дарғот пардаи муқобили филтршавии об бунёд ёфтааст. Ба ғайр аз ин, дар чуқурии 8 метр асоси мағи дарғот бо семент мустаҳкам карда шудааст.Бояд махсус таъкид намуд, ки бунёди ин дарғот, ки мустаҳкамтар аз кўҳҳои асрҳо ба обу бодҳо мебошад, кашфиёти муҳими соҳаи гидроэнергетика дар шароити кишвари мо ба шумор меравад ва он дар бунёди НБО-и Роғун низ татбиқ гардида истодааст. Вақт исбот намуд, ки дар вақташ дар ин ҷо бунёд намудани дарғоти сесадметраи сементиро сарфи назар намудан ва ба чунин шакл бунёд намудани дарғот дуруст будааст. Баъди гузашти солҳо он пурра ва боэътимод истодааст. Беҳуда нест, ки дарғоти НБО-и Норак соли 2000-ум дар Женева медали «Ситораи тиллоӣ»-и сифат ва соли 2010 дар ҶХХ сертификати сифатро соҳиб шудааст.Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти кишвар ба НБО-и Норак эътибори калон медиҳанд. Таҷдиду модернизатсияи нерўгоҳ, ки маҳз баъди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз 15 апрели соли 2009 равнақу ривоҷ гирифт. Алҳол чархи ду агрегат иваз карда шуда, барои ивази чархи сеюм ва дарбанди курашакли агрегати панҷум корҳои омодагӣ идома дорад.Ин ҳама шаҳодат медиҳад, ки НБО-и Норак боз солҳои зиёде ба мардуми кишвар хидмат хоҳад намуд. Ф. Шоиддинов, Узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори НБО-и Норак.