Нимпайкараи бузургони миллат дар Украина қомат хоҳад афрохт

Декабрь 14, 2012 15:32

Душанбе, 14 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе Рўзҳои фарҳанги Украина гузаронида хоҳад шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ гуфт, ки равобити фарҳангӣ миёни Душанбею Киев муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни миллатҳои тоҷику украин аст. Мавсуф инчунин зикр кард: “Гузоштани нимпайкараи классики маъруфи украинӣ Тарас Шевченко дар шаҳри Душанбе маро ҳамчун сафир ва шаҳрванди Украина ниҳоят хушҳол сохт. Мо дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ метавонем нимпайкараҳои шоирони классик ва муосири тоҷикро дар мавзеъҳои мухталифи Украина бунёд созем”. Дипломати украинӣ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки кишвараш омода аст. то дар ояндаи наздик робитаҳои ҳасанаро бо Тоҷикистон тақвият бахшад.14.14.

Декабрь 14, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст