Новосибирск: вохӯрӣ бо қаннодони тоҷик

Декабрь 3, 2012 17:12

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия вохӯрии корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР бо роҳбари сехи қаннодии «Дамские пальчики» Сайфиддин Абдуллоев баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот С. Абдуллоев иттилоъ дод, ки корхонаи онҳо аз соли 2010 фаъолият менамояд ва дар айни замон шумораи коргарон ба 16 нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони ҶТ мебошанд.Бояд гуфт, ки аз ҷониби корхона қаннодони тоҷик бо ҷои хоб, се маҳал хӯрок ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои кор таъмин шудаанд. Зимни суҳбат бо коргарон маълум шуд, ки дар ин ҷо навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии болаззат бо сифати хуб таҳия мешавад. Маоши моҳонаи коргарон аз 15 то 21 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли 2013 ҷалби боз 15 нафар коргар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ленино –Кузнетски вилояти Кемерово ва Барнаули кишвари Олтой ба нақша гирифта шудааст, гуфт манбаъ.

Декабрь 3, 2012 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад