Омодагӣ ба интихоботи президентӣ
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрўз таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Комиссия як cилсила масъалаҳо, аз қабили лоиҳаи дастурамалҳо барои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботиро баррасӣ намуда, ҷиҳати тасдиқи он қарорҳои марбута қабул намуданд. Дар ҷаласа ҳамзамон роҳбари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳои он барои соли 2013 гузориш дод. Дар фарҷоми ҷаласа Шермуҳамади Шоҳиён ба аъзо ва кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар соли 2013 роҷеъ ба масъалаҳои интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






