Омодагӣ ба паради ҳарбӣ

Декабрь 4, 2012 15:35

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз 1-уми декабр инҷониб бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 20-умин солгарди таъсис Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони ҳарбии Душанбе дар яке аз гӯшаҳои пойтахт омодагӣ ба паради ҳарбӣ ҷараён дорад.Омодагӣ ба паради ҳарбӣ таҳти роҳбарии Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе, генерал-майор Латиф Файзиев ҷараён гирифта, дар он ҳайати шахсии навъҳои Қӯшуни Қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қисму воҳидҳои низомии алоҳидаи тобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ шумораи умумии онҳоро беш аз шаш ҳазор нафар ташкил медиҳанд, ширкат доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд.

Декабрь 4, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд