Озмуни «Китоби сол-2012» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2012», ки аз 20-уми ноябр оғоз гардида, то 20-уми декабр идома ёфт, ҷамъбаст гардид. Тавре ки сармухассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин давра аз 15 нафар муаллифи асарҳои бадеӣ 15 китоби тозанашри бадеии назму наср, ки дар давоми соли 2012 дар чопхонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд, ба унвонии озмун ворид гардиданд. Маводи пешниҳодӣ аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба шартҳои озмун мувофиқ буда, дар онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» риоя шудаанд. Ҳайати ҳакамон маводи чопиро, ки муаллифони асарҳои бадеии назму насри тоҷик ба ҳайси довталабон ба озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2012» пешниҳод намудаанд, мавриди омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дод. Аз рӯйи натиҷаи кори ҳакамон муаллифони зерин ғолибони озмун дониста шуданд:Барои ду китоби назм: Раҳмат Назрӣ «Ширмаҳтоб», Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 1500 сомонӣ; Шаҳрия «Таронаи сабз», Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 1000 сомонӣ;Барои ду китоби наср: Кароматуллоҳи Мирзо «Марги бегуноҳ», Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 1500 сомонӣ; Ҷонибек Акобиров «Қаламҳои куҳистонӣ», Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 1000 сомонӣ;Барои ду китоби назми бачагона: Халифабобо Ҷумъазода «Парчами Тоҷикистон», Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 500 сомонӣ; Раҳмони Бобо «Писарам, духтарам», Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 500 сомонӣ;Барои ду китоби насри бачагона: Маҷид Салим «Человек идёт к зверю», Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 500 сомонӣ; Абдурауф Муродӣ «Як танӯр кулча», Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 500 сомонӣ; Барои як китоби тарҷумаи назм: Низом Қосим барои тарҷумаи китоби «Чор қулла». (Муаллиф-коллектив). Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 500 сомонӣ; Барои як китоби тарҷумаи наср. Нур Табаров барои тарҷумаи китоби «Як ҷаҳон аз ману ту» (муаллиф Бахтиёр Каримов), Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 500 сомонӣ.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






