Пардохти навбатии қарзи музди меҳнат

Декабрь 24, 2012 16:39

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Самара шаҳрванди ҶТ Алишер Мавлонов муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки барои пардохти музди меҳнати ӯ ва бародараш Алиҷон, ки маблағи 140 000 рублро ташкил мекунад, ёрӣ расонанд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, Мавлоновҳо аз моҳи марти соли ҷорӣ дар корхонаи сохтмонии » Сантекс», ки дар деҳаи ба номи К. Маркси шаҳри Жигулевскии вилояти Самара воқеъ гардидааст, фаъолият менамуданд. Дар ин давра ҳаҷми боқимондаи музди кори онҳо 140 000 рублро ташкил дод ва ин маблағ бо сабабҳои номаълум пардохт намешуд.Баъд аз суҳбат бо роҳбари корхонаи «Сантекс» музди меҳнати Мавлоновҳо пурра пардохта шуд.Ҳамчунин дар асоси аризаи муҳоҷири меҳнатӣ- шаҳрванди ҶТ, сокини деҳаи Ботурободи шаҳри Сарбанд Фирӯз Шоев, ки дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск муваққатан фаъолияти корӣ дошт, кормандони Намояндагӣ бо корфармо шаҳрванди ФР Константин Александров суҳбат намуданд ва ба миқдори 30 ҳазор рубл қарзи музди маоши муҳоҷир пардохт шуд.

Декабрь 24, 2012 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад