Пешгирии нашъамандӣ
Кӯлоб, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Шуъбаи дар Кӯлоб будаи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон то имрӯз дар байни ҷавонон ва наврасон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва минтақа вохӯрӣ, озмун ва мусобиқаҳои варзиширо гузаронид. То ин муддат 12 маротиба номгӯйи мазкур таҳти унвони «Нашъамандӣ ва зарари он», «Ҳаёти солим», озмунҳои расмкашӣ, расми беҳтарин ва иншои беҳтарин гузаронида шуд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Кормандони Агентӣ миқдори зиёди маводи нашъаовар, аз қабили героин, ниҳоли бангдона, ҳашиш мусодира шуд. Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани рейди муштарак ба дорухонаҳо 104 адад фенобарбитал, 7 дона диазолин дарёфт намуда гирифта шуд ва нисбат ба вайронкунандагони қонуни фурӯш ва истеъмоли доруҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






