Роҳ ба сўи рушди иқтисоди «сабз»
Душанбе, 4 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Натиҷаҳои Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ оид ба рушди устувор (Рио+20) ва нигоҳи миллӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштааст, 4 декабр дар Душанбе зимни баргузории конфронси миллӣ баррасӣ гардид. Ин ҳамоиш бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи Рушди СММ гузаронида шуда, ҳадафаш дар ҳамбастагӣ муайян намудани қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи натиҷаҳо аз тавсияҳои Конфронси Рио+20 ва омодагӣ дар сатҳи миллӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аст. Раҳмат Бобокалонов, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар конфронси миллӣ гуфт, ки барои Тоҷикистон об ва рушди устувор ду омили ногусастанӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбанд, ки барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи воқеӣ мегузоранд. Вазири оби кишвар таъкид кард, ки бидуни об рушди иқтисоди «сабз», ки имрўз ҳамчун стратегияи асосии минбаъдаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад, имконнопазир аст. Зикр гардид, ки чунин раванд таҳкими гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ, рушди ҳамкорӣ ва ҳамшарикиро барои истифодабарандагони об ва ҷонибҳои манфиатдор дар сатҳи миллӣ ва дар сатҳи фаромарзӣ тақозо менамояд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо барои ҳалли мушкилоти марбут ба об мусоидат намуда, барои сулҳу субот ва пойдории амнияти минтақа ва ҷаҳон нақши муассир мегузорад. Иштирокдорони конфронси миллӣ доир ба паҳлуҳои мухталифи истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди ҳазорсола, ҳамгироию ҳамкории густурда дар мавриди истифодаи оби дарёҳои фаромарзӣ ва тақвияти ҳамдигарфаҳмию муколамаи солим дар ин самт ҷиҳати аз байн бурдани ҳар гуна ихтилофи кишварҳои минтақа дар мавриди истифодаи захираҳои об табодули назар карданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






