Сарвари давлат як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

Декабрь 29, 2012 09:34

Душанбе, 29 декабр (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорату идораҳоро бо мақсади дар онҳо ошкор ва баратраф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва дар маҷмӯъ низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» низ маротибаи аввал қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян менамояд.Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян намуда, тамоми муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера, барқарорсозии сифати он ва таъмини амнияти экологӣ қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва дигар қонунҳои баимзорасида бо мақсади густариши муносибатҳо дар соҳаҳои дахлдор қабул гардидаанд.Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлат ва ҷамъият, танзими масоили шаҳрсозӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 29, 2012 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст