Ш. Раҳимзода: «Фазои бозу шаффоф фароҳам хоҳад омад»

Декабрь 11, 2012 16:59

Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/ ба кишвари мо имкон хоҳад дод, то ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми тиҷорати саросарӣ амиқтар бипайвандад ва барои тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ фазои боз, шаффоф ва бидуни табъизро фароҳам биорад”, мегўяд Шариф Раҳимзода-вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф изҳор дошт: “Ман умед дорам, Тоҷикистон ҳамчун узви СҶТ аз истифодаи тиҷорат ба ҳайси василае барои рушд ва афзоиш манфиат меёбад”. Шариф Раҳимзода мегӯяд, ки созмони калидӣ аз миёни ҳамкорони хориҷии мо дар ин раванд Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) буд. Он аз оғози талошҳои мо дар роҳ ба сӯи узвият дар СҶТ, дар тақвияти тавоноии ниҳодҳои муваззаф барои гуфтушунидҳо мусоидат кард. Бо ёрии ин созмон коршиносони беҳтарини байналмилалӣ, аз ҷумла, онҳое, ки таҷрибаи пеш бурдани гуфтушунидҳо барои кишварҳои дигарро доштанд, ба ин раванд ҷалб шуданд зеро таҷрибаву дониши онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар бораи узвият ва мутобиқ кардани қонунгузориҳои Тоҷикистон ба талаботи СҶТ муҳим буд. Бояд тазаккур дод, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидӣ дар гуфтушунидҳои СҶТ ба шумор мерафт. Гуфтан ҷоиз аст, ки роҳ ба сӯи узвият ба СҶТ тўлонӣ ва пур аз чолиш буд ва қадами нахустин бо ирсоли дархости расмӣ дар санаи 29-уми майи соли 2001 гузошта шуд. СЕКО аз оғози раванд аз соли 2001 ба Тоҷикистон дар ин росто ёрии фаннӣ мерасонад. СЕКО ягона созмоне буд, ки ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак карда ва то имрӯз дар ҳаҷми тақрибан 3 миллион франки швейсарӣ барои мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати узвият ба СҶТ тахсис додааст.

Декабрь 11, 2012 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст