Ш. Шабдолов: «Набояд ба самти Аврупо майл кунем»
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- “Алҳол дар ҷумҳурӣ 29 маркази буҳронӣ, 8 паноҳгоҳи муваққатӣ ва 87 маркази машваратию иттилоотӣ фаъолият доранд, ки танҳо дар соли равон беш аз 32 ҳазор шаҳрванд ба онҳо доир ба таҳдид, таҳқир, мушкилоти бекор намудани ақди никоҳ муроҷиат кардаанд», гуфт зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов . Мавсуф афзуд, ки 35 % муроҷиаткунандагон бо далели зўроварӣ дар оила арз намудаанд. Вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат изҳор дошт, ки ташкили чунин марказҳо дар ҷумҳурӣ дар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва устувории оилаҳо, ҷилавгирӣ аз зўроварӣ дар оила нақши муассир мебозанд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар дар назди беморхонаҳои марказии ҳашт шаҳру ноҳияи мамлакат шуъбаҳои офиятбахшӣ созмон дода шудаанд. Шахсоне, ки дар оила хушунат дидаанд, дар ин марказҳо кўмаки тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мегиранд. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қонуни муҳим ва хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз хушунат дар хонаводаҳо ҷилавгирӣ менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур ҳафт чораи пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо тавассути расондани кўмаки тиббию равонӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони осебдида муайян кардааст, ки онҳо суҳбатҳои тарбиявӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси дар оила зўроваринамуда, амрномаи муҳофизатӣ, дастгиркунии маъмурӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, васоят ё парасторист. Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, ки қабули қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар кишвар аз сўи парлумон муҳим ва саривақтист. Мавсуф афзуд, ки мардуми тоҷик дорои анъанаҳо ва суннатҳои нек ва устувори оиладорианд ва дар мавриди пайдо шудани мушкилот дар муносибатҳои оилавӣ , хусусан ҷой доштани зўроварӣ дар оила ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ муроҷиат накарда, балки дар худи муҳит бо истифода аз маслиҳати калонсолон, шахсоне, ки пастию баландии зиндагиро дидаанд, муноқишаҳои оилавӣ бартараф мешаванд ва шахсони бо иззату эҳтиром чунин оилаҳоро ба ҳамдигарфаҳмию тафоҳум ҳидоят мекунанд. Роҳбари Ҳизби коммунистони кишвар таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи мо набояд анъанаҳои миллиро дар масъалаи муносибатҳои оилавӣ аз даст диҳем. Ва ба он самте, ки дар Аврупо ҳаст, мо ба он набояд майл кунем, зеро дар кишварҳои аврупоӣ барои як торсакии сабукак кўдаконро аз падару модар ҷудо карда, ба интернатҳо медиҳанд. Инчунин самти ҳаракат ва фаъолияти баъзе созмонҳои байналмилалӣ чунин аст, ки мегўянд волидайн ба оила таъсир расонида наметавонад. Ин ҳолатҳо дар кишварҳои ғарбӣ, хусусан дар Финляндия ҳаст, мо онро дидем. Аз ин рў, мо бояд нисбат ба ин масъала эҳтиёткор бошем, таъкид кард Шодӣ Шабдолов.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






