Шамолов: «Идеяи «ҷудоӣ ангезу ҳукм бирон»-ро амалӣ карданиянд!»
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар»)-Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар ҷаласае, ки ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ бахшида шуда буд, гуфта шуд: «Ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр-ватани ягонаи мо» яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад». Дар робита ба ин нуктаи сухани Президенти кишвар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Абдулвоҳид Шамолов, мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон суҳбате анҷом дод. —-Бубинед, Президенти кишвар новобаста аз он, ки ин нукта, яъне ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр-ватани ягонаи мо» ҳамеша дар маҳфилҳову расонаҳо гуфта мешавад, бори дигар ба он таъкид кард. Чаро? -Ҳадаф он аст, ки бояд ин истиқлолият, ин озодӣ, ин ваҳдат тӯлонӣ боқӣ бимонад. Чун бо он диди стратегӣ ё дурнамое, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар нисбат ба инкишофи ҷомеаи мо дорад, масъаларо бештар ва амиқтар дарк мекунад. Чун он сафарҳое, ки ба кишварҳои хориҷӣ сурат мегиранд ва ё он мушкилоте, ки дар конфронсҳои байналмилалӣ доир ба масоили геопалитикии замони муосир ва дурнамои тараққиёти ҷаҳон барои 50-100 соли оянда баён мешаванд, боиси он шудаанд, ки мавқеи Президенти Тоҷикистон атрофи ин гуна масъалаҳо муайян шавад. Яъне, ӯ аллакай ҳамчун стратег ба ин масъала менигарад. Ба ин хотир мо низ ҷонибдорем, ки ваҳдати миллӣ ва ҳифзи он бояд ҳамчун идеали мардумӣ пазируфта шавад. -Пас Шумо фикр мекунед, дар шароите, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад, ин идеяро метавон амалӣ кард, дар ҳоле, ки дида мешавад, баъзе аз гуруҳҳои ифротие, ки дар ҷомеа ҳастанд, аз ба истилоҳ «нуқсҳои» ҳукумат истифода намуда, мардумро ба сӯи худ мекашанд? —Мардуми тоҷик бисёр таҳаммулпазир аст, агар мо тоҷикро бо эронӣ ё миллатҳои дигар муқоиса кунем, тафовути бисёр мебинем, мо мардуми бисёр босабр ҳастем. Вале новобаста аз ин, бубинед, дар баъзе ҳолатҳо назоратро аз даст медиҳем, ба фарзи мисол ҳамон давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо чӣ анҷомид. Ба ин хотир бояд мардум инро дар назар гиранд. Чун иддае аз гуруҳҳои ифротӣ ё баъзан ҳизбҳо ният доранд, бо ҳар гуна роҳ ба сари ҳокимият оянд, баъзе аз гуруҳҳои тундрав идеяҳои ҳукмрони «пора кун ва ҳукм рон»-ро истифода мекунанд. Ин аст, ки бояд бигӯям, идеяи ваҳдати миллӣ моро водор мекунад, то истиқлолияту ваҳдату ягонагиямонро тӯлонӣ кунем ва бояд нафароне пайдо шаванд, то ин роҳеро, ки мо дар муддати 20-сол тай кардем, идома диҳанд. — Ба фикри Шумо аҳзоби сиёсӣ, ки ишора кардед, чӣ мехоҳанд? —Имрӯз кӯшишҳое зиёд шуда истодаанд, ки ҷумҳурии моро аз ин роҳ баргардонанд. Яке аз мақсадҳои баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ он аст, ки моро аз роҳи институти президентӣ бароранд ва боз ҳамон роҳи парламентариро барқарор кунанд ва дар аввали солҳои 90-ум доштем ва натиҷаҳояш чӣ шуд, ҳама медонанд. Бубинед, Қирғизистон бо роҳи парламентарӣ ба чӣ ҳолат омад. Аз ин рӯ, бояд бидонем, ки роҳи мо муайян шудааст. Мақсади Президент низ аз ин иборат аст, ки мо бо ихтиёри худ, ба таври огоҳона онро дарк кунем. Мусоҳиб Саидэҳсони Солеҳ