«Созандагони Ватан» дар Маскав
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар толори Маркази иттилоотии мултимедии байналмилалии РИА «НОВОСТИ» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия конфронси байналамилалӣ дар мавзӯи «Мусоидати иттилоотӣ дар ҳамгироии АвруОсиё: ҳадаф, вазифа ва роҳҳои амалисозии он» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҷавони 17 кишвари минтақа ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳайати ду нафар: Адҳам Мирсаидов ва Насимҷон Маликисломов муаррифӣ намуданд. Сарпарастони конфронси мазкур «Фонди рушди ҳамкориҳои АвруОсиё» ва Агентии иттилоотии Русия «РИА НОВОСТИ» буда, чорабинӣ дар асоси барномаи амали «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» баргузор гардид. «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» моҳи августи соли равон дар шаҳри Тсахкадзори Ҷумҳурии Арманистон созмон ёфта буд ва ташкилоти «Созандагони Ватан» ҳамчун яке аз муассисони ниҳоди мазкур ба шумор меравад. Дар кори конфронс маводи омоданамудаи «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» муаррифӣ гардид, ки дар баррасии он намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти конфронс бо назардошти хулосаву андешаи иштирокдорон дар бобати густариши ҳамкории иттилоотии минбаъда таъсиси шабакаи интернетии алоҳида зарур дониста ва нақшаи баргузории чорабиниҳои ояндаи «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» муайян карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






