Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Декабрь 19, 2012 16:12

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ Ховар, Заррина Саидова ). -Мувофиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» таъсиси 121351 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.Тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 112 070 адад ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 92,3 фоизро аз дурнамои барнома ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ВМКБ- 6582 ҷой, дар вилояти Хатлон 39341, дар Суғд 31874, дар шаҳри Душанбе 16929, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17344 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон — 14625, саноат — 7285, кишоварзӣ -30560, дар нақлиёт ва алоқа — 2297, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ -37096, дар дигар соҳаҳо 16314 ва дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 3893 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.Таҳлили раванди таъсиси ҷойҳои корӣ вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки теъдоди аксари ҷойҳои корӣ ба соҳаи кишоварзӣ (27,3%) ва савдо, хўроки умумию таъминоти техникӣ (33,1фоиз) рост меояд.

Декабрь 19, 2012 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад