Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ

Декабрь 4, 2012 15:34

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати хизмати давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии кишвар курси такмили ихтисосро аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сармутахассисони воҳидҳои сохтории кумита оғоз гардид. Дар ифтитоҳи расмии он, ки бо иштироки роҳбарияти Кумита ва Донишкада сурат гирифт, раиси Кумита М. Неъматов суханронӣ намуд. Раиси Кумита М. Неъматов оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро таъкид дошт, ки минбаъд барои татбиқи сиёсати давлату ҳукумат дар ҳар се самт аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, барои ободу зебо сохтани ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ёдовар мешавем, курси мазкур, ки дар тӯли як ҳафта сурат мегирад, (аз 3 то 8 декабр) донишҳои сиёсиву фарҳангии кормандони сохторҳои амудии кумитаро тақвият мебахшанд. Онҳо аз таҷрибаи якдигар баҳрабардорӣ намуда, минбаъд барои татбиқи сиёсати давлатии соҳа ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.

Декабрь 4, 2012 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад