Вохӯрии кормандони милиса бо донишҷӯён
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар тасмим гирифтааст, ки вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ дар ҷомеа бо аҳолӣ, бахусус дар байни донишҷӯён ба роҳ монад. Ба мақсади пешгирии кирдорҳои ҷиноӣ, мусоидат кардан ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳотамшо Ятимов бо устодону донишҷӯёни донишкада доир гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мо метавонем ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷиноятиро аз ҷомеаамон бартараф созем. Аз ин хотир муовини сардори раёсати мазкур донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия даъват карда афзуд, ки беҳтарин омили пешгирии ҷиноятпешагӣ дар ҷомеа ин аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо зиёд кардани шумораи дӯстони милитсия -дружиначиёни ихтиёрӣ мебошад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






