Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ҷиноят аст

Январь 21, 2013 15:06

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-2 зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҳматулло Қурбонов, соли таваллудаш 1959 ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ дастгир шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.Ба гуфти манбаъ, ҳангоми кофтуков аз камарбанди 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» ва 11 адад тири 9 мм, ки рақам ва соли бароришаш тоза карда шудааст, дарёфт ва мусодира шуд. Таппончаи мазкур коршоям мебошад. Ба иттилои ВКД ҶТ дар соли сипаришуда дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 1390 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 239 адад автомат, 303 адад таппонча, 231 адад милтиқ ва карабин, 83 адад дигар намуди яроқи рахпеч, 466 адад яроқи суфтамил, 68 адад найзакорд ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Январь 21, 2013 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст