Ҷопон лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгаштро амалӣ менамояд

Январь 30, 2013 17:51

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои мухталифро дастгирӣ намудааст.Тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт 30 январи соли 2013 Ҳиройуки Имаҳаши, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф барои дастгирии соҳаи маориф дар шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб ва Турсунзода, инчунин баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Муъминобод ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии занон ва оилаҳои онҳо дар шаҳри Норак ба имзо хоҳад расонд. Тавассути лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт лоиҳаҳои зайл роҳандозӣ мешаванд: «Лоиҳаи сохтмони мактаб дар деҳаи Корези Поён, ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб» бо маблағи 111,421 доллари ИМА, Лоиҳаи сохтмони маркази занон дар шаҳри Норак» бо маблағи 110,653 доллари ИМА, Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизоти мактабӣ барои мактабҳои миёна дар шаҳри Ваҳдат», бо маблағи 104,844 доллари ИМА, «Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизотҳои кишоварзӣ барои ҷамоати Балхобии ноҳияи Муъминобод» бо маблағи 108,572 доллари ИМА , Лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизоти мактабӣ ба 6 мактаби миёна дар шаҳри Турсунзода» бо маблағи 108,910 доллари ИМА.

Январь 30, 2013 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст