23 намояндагии Палатаи савдо дар давлатҳои хориҷӣ

Январь 9, 2013 15:24

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ба корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 4,8 млн. сомонӣ хизмат расонид, гуфта шуд имрӯз дар нишасти матбуотии Палата ба хабарнигорон. То ҳолати 1 январи соли 2013 зиёда аз 550 ташкилоту корхона узви Палата гардидааст. Мутахассисони Палата ба истифодабарандагон оид ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодии берунӣ маслиҳатҳо дода, ташхиси миқдорӣ ва сифатии молу маҳсулоти ворид ва содиршавандаро мегузаронанд, инчунин барои содиркунандагони маҳсулот сертификати кишвари баромади молро тасдиқ мекунанд. Инчунин зикр шуд, ки дар соли 2012 аз ҷониби идораи ташхис ва сертификатсияи Палата ба содиркунандагон зиёда аз 15551 сертификат дода шудааст. Бояд гуфт, ки дар айни замон Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо палатаҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур зиёда аз 210 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар давлатҳои хориҷӣ 23 намояндагии Палата фаъолият мекунад.

Январь 9, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст