А. Ёров: «Масъала мегузорем, ки тартиби пардохти қарз тағйир ёбад»
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –«То ҳолати 1 январи соли 2013 қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» 320 млн. 700 сомониро ташкил дод», -хабар дод 29 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров.Раиси ширкати холдингӣ ба рӯзноманигорон вазъро шарҳ дода чунин гуфт: «Тавре ки шумо медонед, тарофаи миёнаи ба истеъмолкунандагон додани нерӯи барқ нисбат ба тарофае, ки мо бо он аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» барқ мехарем, хеле пасттар аст. Барои ҳалли ин мушкилӣ чандин саволу роҳҳо вуҷуд доранд. Моҳи феврали соли ҷорӣ ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия доир мешавад, ки дар он тамоми масоили ҳалталаб баррасӣ шуда, ба гумони ман ин масоил ҳалли муносиби худро меёбанд. » Ба «Сангтӯда-1» Шӯрои директорон роҳбарӣ мекунад ва агар мо ба мувофиқа оем, пеш аз ҳама нақшаи пардохти қарз таҳия мешавад. Агар мо пештар қарзамонро қисм-қисм аз ҳисоб мебаровардем, пас ҳоло мо масъала мегузорем, ки тартиби пардохти қарз тағйир дода шавад.Мутобиқи Созишнома дар бораи хариди нерӯи барқ миёни «Барқи Тоҷик» ва «Сангтӯда-1» ҳамасола тарофаҳое, ки ин нерӯгоҳ мебарорад, то 4% зиёд мешаванд, аз ин рӯ мо пешниҳод карданием, ки то пурра пардохтани қарзҳо ва беҳтар намудани ҳолати молиявии «Барқи тоҷик» афзоиши тарофаҳоро боздорем. Умед дорам, ки ин масъала ҳалли мусбати худро меёбад».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






