Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Январь 7, 2013 12:33

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,Дар ин рӯзҳо ба истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон расо бист сол пур мешавад.Ин санаи идонаи таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Қазокистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми Қазоқистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намоям. Бо қаноатмандии зиёд мехоҳам қайд намоям, ки тайи марҳилаи баъд аз ин рӯйдоди барои мо муҳим равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Қазоқистон босуръат рушд ёфта, чӣ дар доираи ҳамкориҳои дутарафа ва чӣ хаматарафа пайваста рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.Имрӯз онҳо амалан тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, ки дар онхо манфиатҳои давлатҳои мо ба ҳам мувофиқ омадаанд ва чун омили нигаҳдории суботи минтақавӣ маҳсуб меёбанд.Мо сатҳи баланди равобити муосири ташаккулёфтаи Тоҷикистону Қазоқистонро қадр менамоем ва ба такмили ҷанбаҳои мухталифи онҳо бо муҳтавои нав бо назардошти орзуву умеди мардумонамон ва тибқи талаботи замон ҳавасманд ҳастем. Боварӣ изҳор менамоям, ки мо ба иқтидори дар муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон мавҷуда такя намуда, бо саъю талоши якҷоя дар рушди онҳо ба қуллахои баланд хоҳем расид.Аз таҳти дил ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва комёбиҳои навро дар фаъолиятатон ва ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон беҳбудӣ ва саодатмандиро таманно дорам.

Январь 7, 2013 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст