Барқияи табрикотии Президенти Тоҷикистон ба Президенти Қирғизистон

Январь 14, 2013 12:29

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбоев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Алмазбек Шершенович, Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ирсол намоям. Боиси хурсандист, ки тайи солҳои сипаришуда баъд аз ин воқеаи барои мо таърихӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мунтазам анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳусни илтифоти мутақобиларо байни мардумашон инкишоф додаанд. Мо ба сатҳи мушорикати кунунии ташаккулёфтаи кишварҳоямон баҳои баланд дода, ният дорем минбаъд низ онро дар сатҳи сиёсӣ, соҳаи амният, бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои ҳамкорие, ки дар онҳо манофеи ду давлат мувофиқ омадаанд, густариш диҳем. Ман боварии қатъӣ дорам, ки ин гуна талоши мо дутарафа мебошад ва дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳои мо дар асоси принсипи манфиати мутақобила дар оянда низ устуворона ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад ёфт. Омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда оид ба пурра намудани муносибатҳои кишварҳоямон бо муҳтавои ҷадид иброз намуда, ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шершенович, саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари қирғиз – беҳбудӣ ва сулҳу саодатмандиро таманно дорам».

Январь 14, 2013 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст