Бунёди масҷид нишони мусулмонист?

Январь 9, 2013 11:06

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вақтҳои охир аз баста шудани масҷидҳои ҷомеъ дар бисёр минтақаҳову маҳаллаҳои кишвар дар матбуоти мустақил ҳар гуна мавод ба нашр расида, аз мусулмон будани шумораи зиёди ҷомеа (96 фоизи аҳолӣ) ва норасоии масҷидҳо масъалагузорӣ мешавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба аҳолии кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон аз рӯи шумораи аҳолӣ масҷид бисёртар аст. Тавре ки дар варақаи иттилоотии Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ омадааст, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон 7 616 000 нафарро (с.2011-2012) ташкил дода, дар қаламрави он 3 938 масҷид фаъол аст. Дар кишварҳои минтақа ин нишондод чунин аст: дар Қирғизистон – 5 551 000 нафар аҳолӣ ва 2 200 масҷид, дар Қазоқистон – 16 856 000 нафар аҳолӣ ва 2 228 масҷид, дар Туркманистон – 5 055 000 нафар аҳолӣ ва 400 масҷид, дар Ӯзбекистон – 28 639 000 нафар аҳолӣ ва 2 050 масҷид. Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 фоизи аҳолӣ мусулмон буда, ба ҳар як масҷид 1 860 нафар мусулмон рост меояд. Дар Қирғизистон – 90 фоизи аҳолӣ мусулмон, ба ҳар як масҷид 2 270 нафар, дар Қазоқистон – 70 фоизи аҳолӣ мусулмон, ба ҳар як масҷид 5 295 нафар, дар Туркманистон – 89 фоизи аҳолӣ мусулмон, ба ҳар як масҷид 11 245 нафар, дар Ӯзбекистон – 95 фоизи аҳолӣ мусулмон, ба ҳар як масҷид 13 270 нафар рост меояд. Аз ин бармеояд, ки имрӯз дар Тоҷикистон қонун дар бораи озодии виҷдон иттиҳодияҳои динӣ дар дар сатҳи зарурӣ амалӣ шуда, Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат барои пешрафти фарҳанги динӣ ва эътиқоди мардум саъйю талош мекунад. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар назди ҳар як хона, дар масофаи 50-60 метр як масҷид бино шудааст, ки аксаран аз намозгузорон холист. Агар шумораи масҷидҳо кам бошад, мардум ҳам бештар дар як макон ҷамъ мешаванд ва ваҳдату тифоқӣ низ мустаҳкамтар мегардад. Чунки имрӯз бунёди масҷид ба дараҷае расидааст, ки дар ҳар гузар ва маҳалла масҷиди алоҳида сохта шуда, дар як деҳа чанд масҷид фаъолит мекунад, ки боиси аз ҳам дур сохтани мардуми ҳатто як деҳа гаштааст ва ин худ як намуди тафриқа аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост». Аз ин рӯ, ба нафари аз дили пок намозгузор шарт нест, ки дар дари хонааш масҷид бунёд шавад, агар шахсе хоҳиши дар масҷид намози хешро гузоштан дошта бошад, бидуни ҳеҷ мушкилӣ онро дар наздиктарин масҷиди ҷомеи атрофаш метавонад гузорад. Аз ин хотир, бунёди масҷиди бисёр нишонаи мусулмонӣ ё диндорӣ набуда, амалҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо дар Ислом пештару беҳтар аз ин корҳост.

Январь 9, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст