Бунёди «Парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир» дар Данғара

Январь 10, 2013 10:09

Душанбе, 10 январ (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки асосан натиҷаҳои фаъолияти Кумитаро дар соли 2012 ва вазифаҳои онро дар соли 2013 баррасї намуд.   Раиси кумита Талбак Салимов гуфт, ки дар соли 2012 аз ҷониби кормандони кумита ва зерсохторҳо 24 309 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 1666 адад (6,9%) зиёд мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 38 254 пешни¬ҳод¬и иљрояш ҳатмӣ дода, аз он 72,3% иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 22,6% ва 14,4% зиёд мебошад. Фаъолияти 97 субъекти фаъолияти хоҷагидорї муваққатан қатъ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблї 106% зиёд мебошад. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумита ҷиҳати таъмини соҳаҳои ёрирасони хоҷагии ҷангал барои зимистонгузаронии чорво 3999 тонна хошоки дурушт тайёр намуд, ки нисбат ба соли 2011 1990 тонна (199,1%) зиёд мебошад. Барои зимистонгузаронии ҳайвоноти ваҳшии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 197 тонна хўрокӣ захира гардид, ки нисбат ба соли 2011 56,8 тонна зиёд мебошад. Дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара аз тарафи 31 хоҷагиҳои ҷангал дар майдони 818,5 гектар ҷангал бунёд гардида, сабзиши ниҳолҳо ба ҳисоби миёна 83,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Тутбулоқи ноҳияи Данғара дар майдони 1000 гектар бунёди “Парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир” оғоз гардида, то имрўз зиёда аз 653 ҳазор сомонӣ маблағ азхуд шудааст. Дар соли 2012 5 иншоот, аз ҷумла барои Боғи табию таърихии “Ширкент”, Боғи табиии Сари Хосор, хоҷагиҳои ҷангали минтақаи “Эсанбой”, Балҷувон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор иморатҳои маъмурӣ сохта шуданд. Тӯли ин муддат қонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” ва “Дар бораи ҳавои атмосферӣ” дар таҳрири нав қабул гардиданд .

Январь 10, 2013 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст