Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 15, 2013 17:00

Идомаи задухӯрдҳо дар Туркия 15 январ. (АМИТ «Ховар»)- Ба гуфти расонаҳои хабарии Туркия ҳафтаи равон дар Сирнаки Туркия бар асари задухўрд миёни низомиёни нерўҳои ҳарбии Туркия ва аъзои Ҳизби коргарии курдҳо 9 кас ба ҳалокат расида, 8 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик интиқол дода шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии мамлакат то ҳол сабаби задухӯрд миёни ду нерўи ҳарбӣ муайян нашудааст, вале дар айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти дахлдори кишвар фаъолият намуда, сабабҳои асосии задухўрдро муайян менамоянд. Дар байни қурбоншудагон танҳо низомиёни Туркия ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфти аъзои Ҳизби коргарии курдҳо чунин муноқишаву зиддият миёни ду ҳизб муддати тўлонӣ боз идома дорад. Боздошти 40 килограмм маводи мухадир 15 январ. (АМИТ «Ховар»- Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Колумбия рӯзи санҷиши нақлиёти кормандони корхонаҳои нақлиётӣ ва техникаи сарҳадӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ кормандони мақомоти махсуси Вазорат аъзои гуруҳи нашъаҷаллобро боздошт намуданд, ки онҳо ҳангоми интиқоли 40 килограмм маводи мухаддир аз Колумбия ба ИМА дастгир шуданд Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ ҷинояткорон ба гуруҳи нашъаҷаллобии «Нарко-Картел»- и Мексика робита доштаанд. Боиси зикр аст, ки боздоштшудагон дар давоми 2 сол дар якчанд мамлакат, аз ҷумла Мексика, ИМА, Колумбия ва дигар кишварҳо мавриди ҷустуҷў қарор дошта буданд. Дар айни ҳол кормандони мақомоти марбута дар ҷои ҳодиса тафтишот гузаронида, ҳаммаслакони дигари ин гуруҳи ҷиноятпешаро ҷустуҷў доранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 15, 2013 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст