Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Боришоти барфи зиёд дар Аврупо 21 январ. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ як қатор мамлакатҳои Аврупоро боришоти зиёди барф ва ҳавои сард фаро гирифтааст. Ба гуфти расонаҳои хабарӣ дар пойтахти Хорватия- шаҳри Загреб дар давоми як шабонарўз миқдори якмоҳаи барф борид. Боришоти барфи зиёд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти корхонаю муассисаҳои кишвар монеаи зиёд пеш овардааст. Парвози ҳавопаймоҳо аз рўи хатсайрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ мавқуф гузошта шуд. Ба иттилои шабакаи интернетии BBC низ дар Британияи Кабир чунин вазъи номусоидии ҳаво ба назар мерасад. Ҳукуматдорон кӯшиш доранд,ки бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти соҳаҳои дигар аз тамоми техникаю имкониятҳо истифода баранд. Қонуни нав дар Куба 21 январ. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар торномаи шабакаи интернетии www.rg.ru навишта шудааст, дар Куба қонун дар бораи бидуни иҷозати ҳукуматдорон ба хориҷи мамлакат сафар кардан қабул карда шуд. Ба гуфти роҳбари матбуотии палатаи болоии парлумони кишвар вобаста ба қабули қонуни нав сокинони Куба метавонанд озодона ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар намоянд. Аз соли 1961-и асри гузашта шаҳрвандони ин мамлакат бо мақсади ба сафари хориҷа баромадан аз ҳукуматдорон иҷозатномаи махсус мегирифтанд. Қаблан шаҳрвандон барои гирифтани иҷозатнома 300 доллар пардохт менамуданд, ки ин дар муқоиса бо музди меҳнати онҳо 15 маротиба зиёд буд. Акнун шаҳрвандон бо доштани шиноснома, раводид ва билетҳои нисбатан арзон метавонанд ба хориҷи кишвар сафар намоянд. Эътирозгарони Африқои Ҷанубӣ чӣ мехоҳанд ? 21 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми ғарбии Африқои Ҷанубӣ фермерон даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии дохили кишвар эътирозгарон аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки музди меҳнати онҳо ду баробар зиёд карда шавад.Тазоҳуротгарон бо мақсади ҳимояи худ ба сўи кормандони мақомоти полис ҳар гуна ашё ҳаво доданд.Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пароканда кардани намоиши эътирозӣ аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва воситаҳои дигар истифода бурда, чанд нафар эътирозгаронро боздоштанд. Мувофиқи иттилои манбаъ то ҳол ҷонибҳо ба хулосаи аниқ наомадаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






