Дастгирии ИА аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

Январь 31, 2013 10:14

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»).-Иттиҳоди Аврупо маблағгузории 3 лоиҳаро таҳти барномаи «Сохторҳои ғайридавлатӣ дар рушд» ба маблағи умумии 700 ҳазор евро оғоз намуд. Барномаи навини мавзӯӣ соли 2007 таъсис гардида, ба дастгирии иқдоми ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва мамолики шарик дар рушд равона шудааст. Коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳошияи рушди устувор, аз ҷумла татбиқи Мақсадҳои рушди ҳазорсола ҳадафи асосии барномаро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои барои маблағгузорӣ интихобшуда инҳоянд:Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зист ва амнияти озуқавории сокинони деҳот тавассути дастрасӣ ба хадамоти байтории беҳтар» дар муддати ду сол аз тарафи Созмони байторони Тоҷикистон, ташкилоти аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки байторони касбӣ ва мизоҷони молдорро намояндагӣ менамояд, амалӣ хоҳад гардид. Мақсади асосии лоиҳа аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот тавассути расонидани хадамоти устувори байтории шахсӣ ва ҷамъиятӣ иборат буда, ҳамин тарз ба паст намудани сатҳи талафот дар натиҷаи бемориҳо ва баланд бардоштани наслдиҳӣ равона шудааст. Лоиҳа ба Созмон барои мустаҳкам сохтани 800 нуқтаи байтории маҳаллӣ тавассути таҳкими имконият ва гузаронидани омӯзишҳо кӯмак хоҳад намуд. Лоиҳа дар Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ мегардад. Баҳрабардорони асосии лоиҳа оилаҳои хоҷагидори чорводор, аз ҷумла, оилаҳое, ки саробонашон зан аст, (тақрибан 830 ҳазор оила) мебошанд.Мақсади асосии лоиҳаи «Дастрасӣ, худидоракунӣ ва ҳисоботдиҳӣ — кӯмак ба Созмонҳои истифодабарандагони об дар ислоҳоти танзими объёрии Тоҷикистон», ки аз тарафи ташкилоти мадади Олмон (Welthungerhilfe) амалӣ мегардад, мукаммал сохтани амалиёти пешина тавассути расман супоридани истифода ва нигоҳдории зерсохтори объёрӣ ба худи истифодабарандагони об мебошад. Лоиҳа дар дашти сераҳолии ноҳияи Панҷакенти водии Зарафшон амалӣ хоҳад гардид. Кор аз рӯи лоиҳа тавассути 21 созмони истифодабарандагони об (СИО) ва ташкилоти асосӣ — Федератсияи созмонҳои истифодабарандагони об ба роҳ монда мешавад. Ин сохторҳо тақрибан 40 ҳазор хоҷагиҳои заминдории объёришавандаро намояндагӣ мекунанд. Лоиҳаи нави аз тарафи ташкилоти Handicap International татбиқшаванда «Сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ: Таҳкими имконият, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар самти рушди фарогир дар Тоҷикистон» мебошад. Асоси лоиҳаи дусоларо мақсади мукаммал сохтани имконияти чор ташкилоти шарикии шахсони имконияташон маҳдуд (ТШИМ): Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, Иттиҳоди занҳои имконияташон маҳдуд «Иштирок», Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон ва шуъбаҳову гуруҳҳои худёрирасон дар Хоруғ, Хуҷанд, Душанбе ва навоҳии он ташкил медиҳанд. Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона мешавад. Тоҷикистон ҳамчунин аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ, маориф, об-муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия, сохторҳои ғайридавлатӣ ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намудааст.Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Январь 31, 2013 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст