Дастовардҳои Маркази миллӣ

Январь 30, 2013 17:53

Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли гузашта ба 160 лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои илмӣ пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ 1000 таклифу пешниҳодҳоро дар бар мегирад. Ин матлабро 30 январ Маҳмад Раҳимов- директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ дар ҷамъи хабарнигорон ироа кард.  Мавсуф зикр намуд, ки ин раванд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои қабулшуда ва бартараф кардани мухолифати онҳо бо дигар қонунҳо ва мукаммал гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон роҳандозӣ гардидааст. Зикр шуд, ки дар ин давра кормандони Марказ дар ҳайати 20 гуруҳи кории байниидоравӣ ва 10 гуруҳи кории дохилӣ оид ба таҳияи консепсияҳо, лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона ширкат намуда, дар таҳия ва такмили қонунгузории кишвар саҳм гузоштаанд.16.12.

Январь 30, 2013 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст