Фирӯз Ёқубов-соҳиби медали тилло
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Рўзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалии гўштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон Кабден Байдосов баргузор гардид. Бинобар иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекисон, Русия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд. Чаҳор паҳлавони тоҷик аз гўшаҳои мухолифи Тоҷикистон ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирӯз Ёқубов дар вазни 85 кг барандаи медали тилло гардид. Фирўз дар даври аввал озод буда, баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври севвум варзишгари мизбонро шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қазоқистон бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки Фирўз Ёқубов ҷоизадори Чемпионати Осиё (Таиланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






