«Глобал Стрим» бо «Амонатбонк» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Январь 30, 2013 16:22

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — ҶДММ «Глобал Стрим» воситаи нави интиқоли маблағро ба роҳ мондааст, ки имрӯз ҳар нафар мизоҷи бонки давлатии «Амонатбонк», ки дорандаи корти пластикӣ ё худ бонкист, барояш интиқоли маблағ аз тариқи «Глобал Стрим» ин ҳалли мушкилоташ берун аз Тоҷикистон мебошад.  Аз рӯи иттилои БДА «Амонатбонк», шартномаи ҳамкорӣ байни ҶДММ «Глобал Стрим» ва БДА ҶТ «Амонатбонк» ба имзо расид, ки ин далели густариши ҳамкориҳои хориҷии «Амонатбонк» дар оғози соли нави 2013 мебошад. «Хусусияти хуби интиқол аз тариқи «Глобал Стрим» дар он аст, ки ҳар нафари маблағинтиқолкунанда новобаста аз он ки дар куҷои Федератсияи Русия қарор дорад. аз тариқи дастгоҳҳои Qiwi (дастгоҳҳои ирсолкунандаи маблағҳои гуногун аз қабили телефон ва ғ.) метавонад ба суратҳисоби корти худ ва ё наздиконаш маблағи лозимиро фиристад. Ин, албатта, барои нафари интиқолкунанда дар ҳама сурат имконияти хуб ва дастрасии бештар бо истифода аз фурсати муносиб мебошад», — иттилоъ доданд аз бонки мазкур. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар БДА ҶТ «Амонатбонк» беш аз 12 низоми интиқол фаъол асту аз хориҷи кишвар интиқоли маблағҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шароити кунунӣ «Амонатбонк» аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба мардум дар ҳамаи самтҳо корро хеле хуб ба роҳ мондааст, ки дар ин самт густариши ҳамкориҳои хориҷии бонк ҳам назаррас аст. Бояд гуфт, ки ҶДММ «Глобал Стрим» имрӯз дар бозори интиқоли маблағи Русия мавқеи муайянро дорад ва ҳамкориҳои ин ҷамъият дар Русияву дигар давлатҳои Осиёву Аврупо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд.

Январь 30, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст