Ифтитоҳи литсей дар донишгоҳ

Январь 29, 2013 17:22

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз филиали мо дорои озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ аз фанни физика, химия ва геология,чор синфхонаи компютерӣ, чор кабинети лингафонӣ ва чор маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти таълимии техникӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мебошад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ҳайдар Одинаев 29 январ. Дар филиал 124 компютери замонавӣ насб гардидааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Дарсҳо аз рӯи нақшаҳои таълимии мутахассис ва насли дуюм ва сеюми бакалавр мегузаранд. Дарсҳои ихтисосҳои асосиро устодони донишгоҳи Маскав таълим медиҳанд.Донишҷӯёни филиали мазкур дар шабакаи интернетӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, химия, математика, информатика, забони русӣ ва таърихи Русия ширкат намуда, сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин дар олимпиадаи солонаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Як дастоварди донишгоҳ-ин дар соли таҳсили 2012-2013 кушодашавии литсейи равияи табиию риёзӣ мебошад, -гуфт ректор Ҳайдар Одинаев.

Январь 29, 2013 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст