Ифтитоҳи толори Чин дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори Чин ифтитоҳ гардид. Чорабиниро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимов кушод. Дар ҷамъомад вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошохрух Асрорӣ, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов, ҷонишини раиси идораи маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин Тун Тзимин сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки ташкили толори фарҳангии мазкур заминаест барои ошноӣ бо фарҳанг, тамаддун, таърихи бои ниёгони мардуми Чин ва таҳкими дӯстии миёни халқҳои ду кишвар. Солҳои тӯлонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта, сол то сол ин дӯстӣ тақвият меёбад. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ М.Асрорӣ зикр намуд,ки дар ҳар як ҷашнвора, семинар, фестивале, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, ҳамчунин намояндагони ҷумҳурии мо низ ширкат меварзанд.Хотирнишон гардид, ки ин қабил чорабиниҳо бо мақсади васеъ намудани фарҳанги сиёсӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва ошноии онон бо тамаддуни халқҳои дигар асос меёбад.Дар ҷамъомад донишҷӯёни Маркази Конфутсий дар шаҳри Душанбе, ки бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкории зич доранд, намоиши ҳунарии худро аз намунаҳои санъати мардуми Чин пешкаши ҳозирин гардонданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






