Иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсӣ

Январь 4, 2013 14:55

Душанбе, 4 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон»- чунин ном гирифтааст китоби тозанашре, ки дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг»-и Душанбе рўи чоп омад. Дар китоб коршиносони масоили сиёсии кишвар Абдуғанӣ Мамадазимов ва Алла Қувватова дар ҳамбастагӣ бо Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон масоили танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро таҳқиқ ва омода намудаанд, ки дар он таҳлили амиқи масъалаҳои ҷойдошта тибқи асосҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст. Дар китоб ҳамчунин тавсияҳо барои ислоҳоти танзими фаъолияти аҳзоби сиёсӣ пешниҳод гардидаанд, ки дар асоси таҷриба ва меъёрҳои созмонҳои байналмилалӣ, хусусан Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ асос ёфтаанд. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо дастгирии дафтари ниҳодҳои демократия ва ҳуқуқи инсони САҲА нашр гардидааст. Он фарогири се қисм -танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар ва тавсияҳост. 13.43.

Январь 4, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад