Истеҳсоли 171 млн. дона тухм дар як сол
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои пешравии соҳа такони ҷиддӣ медиҳад. Ба парвариши парранда дар миқёси ҷумҳурӣ 23 адад корхонаи паррандапарварӣ машғул аст, ки дар соли 2012 дар ин корхонаҳо саршумори парранда ба 1,5 млн. сар ва истеҳсоли тухм ба 171 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 7296 сар парранда ва истеҳсоли тухм 18,4 млн дона зиёд мебошад.Зикр шуд, ки барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ, саршумори парранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар аз ҷониби Президенти кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






