Истеъмолгари асосии нерӯи барқ ҳамоно Душанбест
Душанбе, 31 январ. (АМИТ Ховар, Кристина Эрлих).- Зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров дар мавриди истифодаи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ва меъёри он назарашро чунин баён кард: «Низоми энергетикии Тоҷикистон дар айни замон бо меъёри муътадили самаранок, метавон гуфт, бо меъёри дуруст фаъолият дорад. Барои он ки ба вазъияти фавқулодда наафтем, қатъи ногаҳонӣ ва саросарии барқ дар ноҳияҳою шаҳрҳо ба амал наояд, мо мехоҳем бо низоми муайян аз меъёри тирамоҳию зимистона ба низоми тобистона гузарем. Вале гуфтан душвор аст, ки ба ин инҷиқиҳои табиат имкон медиҳанд ё не».А. Ёров инчунин вобаста ба ин масъала иброз намуд, ки: «Бароятон як мисол меорам. Соли 2010-ум мо 18 март меъёри маҳдудкунии барқро бардоштем, ки ин бисёр ҳодисаи нодир аст. Он вақт ҳатто Президенти кишвар зимни суханронии худ зикр кард, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудкунии барқ бардошта мешавад. Соли 2011 меъёри истифодаи барқ 17 апрел ва соли гузашта маҳдудкунӣ 1 апрел бардошта шуд. Се мисоли мушаххаси ҷоришавии об дар дарёи Вахш-18 март, 17 апрел ва 1 апрелро бароятон овардам, то худ хулоса бароред. Солҳое буданд, ки албатта, ба тариқи истисно, меъёри оби зарурӣ танҳо то 1 май ҷамъ мешуд, вале муҳлати миёнаи воридшавии обе, ки истеъмолкунандагонро бо барқ таъмин мекунад, ҳамоно 10 апрел ҳисобида мешавад. Истеъмолгари асосии нерӯи барқ дар ҳоли ҳозир шаҳри Душанбе боқӣ мемонад»,- афзуд раиси «Барқи Тоҷик».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






