Китоби Президент ба забони англисӣ нашр мегардад

Январь 15, 2013 15:05

Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо иқдоми кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ояндаи наздик китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» бо забони англисӣ нашр мегардад. Алҳол тарҷумаи ин китоб идома дорад. Каблан ҷилдҳои 2, 3 ва 4 и китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» ба забони русӣ тарҷума шуда, зери таҳрири Сайфулло Сафаров ва Г. Шаева ҷиҳати чоп ба нашриёти «Ирфон» ирсол гардиданд.   Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худойбердӣ Холиқназаров зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, танҳо дар соли сипаришуда 9 китоби бисёрҷилдаи Президенти ҷумҳурӣ ба забони русӣ тарҷума ва таҳрир гардида, ба нашриёти «Ирфон» супорида шуд. Мавриди зикр аст, ки ҷилди якуми китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» дар соли 2009 бо теъдоди 15 ҳазор нусха дар Чумҳурии Мисри Араб бо забони арабӣ тарҷума ва нашр гардида буд, ки он дар муаррифии таърихи қадимӣ ва тамаддуни миллати тоҷик ба мардумони кишварҳои арабӣ нақши муассир мебозад. Инчунин дар ин давра аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ китобҳои «Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ» зери назари муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ С. Сафаров ва ду китоби муовини аввали раиси маркази мазкур Х. Холиқназаров таҳти унвони « РТ и КНР: сотрудничество во имя развития» /ҶТ ва ҶМЧ: ҳамкорӣ ба хотири рушд» ва «Ваҳдат кафолати ҳастии миллат» нашр гардиданд.

Январь 15, 2013 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст