Корҳои геологии истихроҷи нафту газ умедворкунандаанд
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корҳои геологию техникӣ аз омилҳои асосии зиёд намудани истихроҷи нафтугаз дар конҳои амалкунанда мебошад. Бо ин мақсад дар ин муддат аз тарафи корхонаҳои нафтугазистеҳсолкунанда 248 маротиба таъмири ҷории чоҳҳо, аз ҷумла: дар сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт»- 4, ҶММ «Салоса»- 11, ҶМММ «Петролеум-Суғд»-228, ҶММ «Азизӣ-1»-3 ва 37 адад таъмири асосии чоҳҳо, аз ҷумла: дар ҶМММ «Петролеум-Суғд»- 11 адад, сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт»- 26 гузаронида шуданд. Аз ҳисоби таъмирҳои гузаронидашуда 1213 тонна нафт барзиёд истихроҷ шудааст, аз ҷумла, дар ҶДММ «Салоса»-18 тонна, сехи нафтугазистеҳсолкунанда – 422 тонна, дар Ширкати Тетис — 90тонна, ҶМММ «Петролеум-Суғд»-683 тонна, газ – 339 ҳазор м3 ташкил медиҳад.КФ «Суғднафтугаз»- дар чоҳи №16 майдони Маҳрам 520 метр парма шудааст, ки ҳамагӣ чуқурии чоҳ 4440 метрро ташкил медиҳад. Дар чоҳи мазкур бо сабаби дурудароз кашол ёфтани харидории лӯлаҳои қадқадии қутраш 245 мм аз тарафи ғолиби озмун ҶММ «Ориён Сити» чоҳ аз 18.06.2012 то 25.11.2012 дар ҳолати боздошт (Консервация) қарор гирифта буд. Баъди тайёр кардани маҳлули пармакунӣ ва коркарди сутуни чоҳ, дар чоҳ навбати аввали лӯлаҳои қадқадии 245 мм дар фосилаи 3193-2066 метр (сексияи аввал- 1127 метр) фароварда ва бо суруҷи махсус мустаҳакам карда шуд. Дар айни замон тайёрӣ ба фаровардани қисми дуввуми лӯлаҳои қадқадии қутраш 245 мм дар чоҳ давом дорад.Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати кишвар дар соли 2012 барои давом додани корҳои пармакунӣ 5,0 млн. сомонӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд. Маблағи ҷудогардида пурра азхуд карда шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






