Корри Винс ба рӯзноманигорон забон меомӯзад
Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон-асри XXI»давраи омӯзиши забони ангилисиро барои рӯзноманигорони тоҷик баргузор менамояд. Сафо Сафаров, сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни баргузории давраи омӯзиши забони англисӣ омӯзгори баландихтисоси забони англисӣ аз Амрико Корри Винс ба рӯзноманигорон дарс медиҳад. Хадаф аз ташкили чунин давраи омӯзишӣ баланд бардоштани савияи забондонии рӯзноманигорони тоҷик буда, дарсҳо дар як ҳафта се маротиба дар гуруҳҳои ибтидоӣ, давомдиҳанда ва пешқадам гузаронида мешаванд. Баъди хатми давраи омӯзишӣ ба иштирокдороне, ки таҳсилро бомуваффақият анҷом медиҳанд, гувоҳнома супорида мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






