Кумитаи дин: «Сарфаи умумӣ-9 миллиард сомонӣ»

Январь 8, 2013 16:39

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Дар соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ 153 ҳазору 326 маърака барпо гашта, зиёда аз 462 миллион сомонӣ хароҷот шудааст. Харҷи як маърака ба ҳисоби миёна ба 3014 сомонӣ рост меояд. Умуман сарфаи умумӣ дар панҷуним соли амали қонун ба 9 миллиард сомонӣ мерасад», -зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ А.Холиқов. Мавсуф зикр намуд, ки кормандони Кумита дар самти назорати риояи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирии эҳтимолияти ҳуқуқвайронкунӣ рейдҳо ташкил намуда, бештар аз 140 маърака ва маросимҳоро, ки дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он баргузор гардиданд, назорат намуда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир гардидани қонуншиканиро дар беш аз 70 ҳолат пешгирӣ намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби комиссияи доимӣ 227 мавод доир ба вайрон намудани талаботи Қонун ба мақомоти судӣ ворид шуда, 212 адади он моҳиятан баррасӣ гашта, 592 ҳазору 875 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст, зикр шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Январь 8, 2013 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст