«МегаФон»- алоқаи боэътимод барои беш аз 1 800 000 муштарӣ!

Январь 29, 2013 17:03

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар соли 2012 ширкати «МегаФон» аз рӯйи суръати сохтмони истгоҳҳои базавӣ ва рушди шабакаи хусусии фурӯш дар ҳудуди Тоҷикистон натиҷаҳои рекордиро нишон дод. Тибқи натиҷаҳои соли 2012 шабакаи хусусии фурӯши оператор то ба 3 маротиба васеъ шудааст. Ин ҳатто ба муштариёни сокини гӯшаҳои дурдасттарини кишвар имкон дод, ки аз хизматрасониҳои боэътимоди алоқаи «МегаФон» истифода намоянд. Барои мизоҷони корпоративӣ ширкат марказҳои муосири хизматрасониро дар се шаҳри бузург- Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ифтитоҳ намуд. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» доираи хизматрасониҳои худро барои муштариён васеъ намуда, хизматгузориҳои қулай ва ҳангоми пайвастшавӣ ва истифодабарӣ соддаро пешниҳод намуд. Ин иқдом аз ҷониби муштариёни ширкат баҳои баланд гирифт. «Дар соли гузашта мо пайваста ба ҳалли масъалаи вобаста ба боэътимод гардонидани алоқа ва босифату қулай намудани хизматгузориҳо барои муштариён машғул будем. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» ба таври назаррас шабакаи хусусии фурӯшро васеъ намуда, дар айни замон масофа аз худи нуқтаи ғарбии фурӯши мо то нуқтаи шарқӣ беш аз 650 км-ро ташкил медиҳад. Хуллас беш аз 1 млн. 800 ҳазор сокинони кишвар муштариёни мо ба ҳисоб мераванд», — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский.

Январь 29, 2013 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад