Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир

Январь 4, 2013 15:33

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 декабри соли 2012 ҳангоми амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди истгоҳи нақлиётии самти Хуҷанд-Исфара бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди ҶТ Толибов Фахриддин Исломқулович, соли таваллудаш 1973, зода ва истиқоматкунандаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуд. Ҳангоми тафтиш аз ў 1 халтаи селофанӣ, ки дар дохилаш 2 баста бо 1 килограмму 840 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дошт, мусодира гардид.Муайян шуд, ки боздоштшуда Толибов Фахриддин соли 2000-ум дар қаламрави Ўзбекистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир ва ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2003 дар асоси Қонуни афв ба озодӣ баромадааст. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дар содир кардани ҷинояти мазкур якчанд нафари дигар, аз ҷумла шаҳрвандон Эшонов Низомҷон Муллохоҷаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Раҷабов Рашид Худойдодович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳраки Бўстони ҳамин ноҳия низ даст доранд.Ҳангоми тафтиши манзили истиқоматии Рашид Раҷабов як адад таппончаи тамғаи «Восток» бо 3 дона тир ва аз хонаи Низомҷон Эшонов мошини тамғаи «БМВ», ки бар ивази маводи мухаддир дода шудааст, дарёфт ва мусодира гардид. Дар ҷараёни амалиёти дигар, ки рўзи 30 декабри соли 2012 дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд гузаронида шуд, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ронандаи мошини боркаши КАМАЗ Назаров Садриддин Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини деҳаи Падаски ҷамоати Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ боздошт гардид.Ҳангоми тафтиши мошин 120 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла дар 38 бастаи селофанӣ ба миқдори 70 килограмм ҳашиш ва дар 25 баста 50 килограмм афюн ёфта, гирифта шуданд. Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур тибқи моддаи 200 қисмҳои 3 ва 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва тафтиши пешакӣ давом дорад. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки хизматчиёни ҳарбии Кумита дар давоми соли 2012 аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 3 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 200 килограмм героин, 568 килограмм афюн, 1 ҳазору 400 килограмм бангдона, зиёда аз 1 тонна ҳашиш ва дигар намуди маводи нашъадорро мусодира намуданд.Тибқи ҳисоби мутахассисон, арзиши ин миқдор маводи мухаддир дар «бозори сиёҳ» ба даҳҳо миллион доллар баробар аст. Танҳо аз 200 килограм героин ба таври умумӣ 1 миллион адад меъёри истеъмолӣ омода мешавад. Яъне, 200 килограм героин метавонад 1 миллион нафарро ба нашъамандӣ, беобрўӣ, фақру нодорӣ ва дар ниҳоят ба марг мубтало созад. Боиси нигаронист, ки баъзе шаҳрвандон ҷиддияти ҷазоро нисбат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сарфи назар карда, дубора ба ин ҷинояти вазнин даст мезананд. Гуноҳи ислоҳнашавандаро содир карда, доғи якумраи ношустаниро дар тақдири хеш раво мебинанд. Ҳаёти худро сўзонда, наздикону пайвандонашонро дар ҷомеа сархаму шармсор менамоянд. Ҷинояткорон умед доштанд, ки дар арафаи соли нав кормандони мақомоти қудратӣ ба ғафлат рафта, саргарми маъракаҳои идона мешаванд. Фурсатро ғанимат дониста, маводи марговарро интиқол доданӣ шуданд. Бехабар аз он, ки парда аз рўйи ҷиноят ҳатман кашида мешавад. Бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад ва ҷинояткор дар назди қонун ва ҷамъият ҳатман ҷавобашро мегўяд. Пўшида нест, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба оромию осоиштагии ҷомеа, рушду пешрафти ҷумҳурӣ ва асолати миллӣ таҳдид менамояд.Сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ густариши муборизаи беамонро ба муқобили ин вабои аср аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба сокинони бонангу номус, ватандўсту содиқ, ки ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва барбод додани нақшаи ҷинояткорон мусоидат кардаанд, изҳори миннатдорӣ менамояд ва ба саҳми минбаъдаи шаҳрвандон дар таъмини волоияти қонун ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа итминони комил дорад.

Январь 4, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид