Мусодираи миқдори калони маводи мухаддир ва пулҳои қалбакӣ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар зарфи се рӯзи охир кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ карданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 4 нафар, ки яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, боздошт шуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, 18 январи соли равон дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони Агентӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе бо гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ 8 бастаи маводи хамирмонанди хокистарранг ошкор шуд. Ҳангоми роҳандозии чорабинии дигар дар хонаи боздоштшуда 32 бастаи ин гуна мавод кашф гардид. Тибқи хулосаи озмоишгоҳи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашуда афюн буда, вазни умумии он наздик ба 1 килоро ташкил медиҳад. Баъди андешидани тадбирҳо ду ширкаткунандаи дигари ин гуруҳ, ки дар шаҳри Душанбе саргарми харидуфурӯши маводи мухаддир буданд, боздошт гардиданд. Онҳо низ сокинони 31 ва 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, яке аз онҳо корманди Раёсати муҳофизати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.20 январ кормандони Агентӣ якҷо бо кормандони Сарраёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз кӯшиши убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷилавгирӣ карданд. Дар ҷои ҳодиса як халтаи полиэтилинии дорои маводи нашъадори героин ошкор ва мусодира шуд. Дар айни замон барои мушаххас кардани шахсият ва боздошти қочоқчӣ чораҳо дида мешаванд. Ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ бо гумони тайёр намудани пулҳои қалбакӣ шаҳрванди 51-солаи Федератсияи Русия боздошт гардид, ки пештар ду маротиба суд шуда будааст. Тафтишот муайян кард, ки боздоштшуда дар хонаи иҷоравии худ пулҳои қалбакӣ чоп мекардааст. Ҳангоми тафтиши хонаи истиқоматии ӯ кормандони Агентӣ пулҳои қалбакии ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти тайёркунандаи пулҳои қалбакиро ошкор намуданд. Аз боздоштшуда дар маҷмуъ 550 доллари ИМА, 149 сомонӣ, 1150 рубли русӣ ва 30 афғонии ҶИА мусодира гардид.Аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршудагон ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.Аз аввали соли равон ин дуюмин ҳодисаи боздошти гуруҳҳои ҷиноӣ мебошад, ки ба тиҷорати чаканаи маводи мухаддир машғул буданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






