Н. Абдуллоев : «Шумораи хориҷиёни судшуда коҳиш ёфтааст»
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Шумораи хориҷиёне, ки дар давоми соли гузашта дар Тоҷикистон суд шудаанд, коҳиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев иттилоъ дод. Ӯ қайд намуд, ки дар соли 2012 61 шаҳрванди хориҷӣ маҳкум шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 45 нафар судшуда камтар мебошад. Н. Абдуллоев афзуд, ки дар соли 2012 аз ҷониби коллегияҳои Суди Олӣ 328 қарори судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 589 шахс, 338 санади судӣ вобаста ба парвандаи гражданӣ, 208 адад оилавӣ ва 18 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки Суди Олӣ дар соли 2012 ба ҳайси суди марҳилаи якум 35 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 75 шахс баррасӣ намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






