Н. Саидов: «Шароити муосири таълимиро муҳайё мекунем»

Январь 8, 2013 10:13

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф бо назардошти барномаҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои махсус дар соли 2012 1607,9 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2011 18 фоиз зиёд мебошад ва соли 2013 маблағгузории соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллиону 836 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, — афзуд вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов 7 январ дар нишасти матбуотӣ.  Дар соҳаи маориф 7 лоиҳаи инвеститсионӣ бо арзиши умумии 87,9 млн. доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то 31 декабри соли 2012 65,8 млн. доллари амрикоӣ азхуд щудааст. Бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дар соли 2012 47 иншооти соҳаи маориф иборат аз 280 синфхона барои 6720 ҷойи нишаст бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ бо сифати хуб ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2011 22 иншоот зиёд мебошад.

Январь 8, 2013 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст