Н. Салимов: Дар 50 нафар амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида шуд

Январь 10, 2013 14:24

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 50 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида шуд, ки аз ин шумора 25 нафар дар соли 2012 ҷарроҳӣ гардиданд-зикр кард зимни нишасти мутбуотӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 10 январ. «Моҳи сентябри соли 2012 бори аввал шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз муроҷиат намудан ба муассисаҳои алоқаманди кишварҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда дар 3 нафар шаҳрванди мазкур дар Маркази миллии илмии пайванди узвҳо ва бофтаҳои инсон гузаронида шуд»,- гуфт Н. Салимов. Инчунин зикр шуд, ки дар маҷмуъ соли сипаригашта зиёда аз 3000 нафар шаҳрванди хориҷӣ бо ташхис ва табобат фаро гирифта шуд. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки дар кишвар рушди тибби сайёҳиро ба роҳ монад.

Январь 10, 2013 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад