Парлумон Созишномаи СААШ-ро ба тасвиб расонд

Январь 3, 2013 15:27

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палати поёнии парлумони Тоҷикистон имрўз Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти таъминоти техникии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ/, /NAMS-НАТО/ -ро ба тасвиб расонд. Ҷумъахон Давлатов –намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ санади мазкурро дар назди вакилони парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки ин санад 31 январи сол 2012 дар Брюссел ба имзо расида, ҳадафи асосиаш омўзонидани 15 нафар хизматчии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани амнияти ҷисмонӣ, идораи захираҳои аслиҳа, нобуд сохтани аслиҳаи корношоям ва барзиёд, махсусан минаҳои пиёданизоми сарҳадӣ, хусусан дар қисмати ҷанубии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Маблағи умумии татбиқи ин лоиҳа 575 000 евроро ташкил дода, тибқи маълумоти охирин дар айни ҳол дар бунёди трастии барномаи шарикӣ барои сулҳи СААШ беш аз 202 000 евро маблағ ҷамъ шудааст, ки он аз ҷониби Ҷопон, Швейтсария, Туркия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ интиқол дода шудааст. Маблағҳои боқимонда аз ҷониби Канада ҷудо мешаванд. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки Ташкилоти таъминоти техникии СААШ соли 1958 аз ҷониби кишварҳои СААШ созмон дода шуда, вазифаи асосии он ҳамчун мақомоти иҷроия аз татбиқи лоиҳаҳои СААШ иборат аст. Як талаби бунёди трастии барномаи шарикӣ барои сулҳи СААШ, ки Тоҷикистон бо он ҳамкорӣ барқарор намудааст, бастани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо ташкилоти таъминоти СААШ аст. Дар соли 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани амнияти ҷисмонӣ, идораи захираҳои аслиҳа, инчунин нобуд сохтани аслиҳаи корношояму барзиёд, ба вижа безараргардонии минаҳо ба барномаи шарикии СААШ дархост ироа намуда буд. Дар робита Созишномаи мазкур ба имзо расид. Мақсади татбиқи Созишномаи мазкур аз додани баъзе масъуниятҳо ба кормандони лоиҳа ва озод намудан аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ бинобар грантӣ будани маблағҳо иборат аст. Созишнома ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо СААШ халалдор намесозад ва тасдиқи он ба манфиати Тоҷикистон аст. Назар ба иттилои Ҷумъахон Давлатов, аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Қазоқистон дар соли 2003 ва Беларус дар соли 2004 бо ташкилоти мазкур санадҳо ба имзо расонидаанд. Охирин лоиҳаҳое, ки дар ин ду кишвари узви СААД амалӣ гардиданд, маблағҳои грантии 200 000 евроиро дар бар мегиранд. Бояд зикр кард, ки 26 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти таъминоти техникии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо сабаби норасоиҳо дар матни тарҷумааш бозгардонида шуда буд.11.41.

Январь 3, 2013 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст