Пешгирии савдои маводи мухаддир аз ҷониби кормандони КДАМ

Январь 16, 2013 09:20

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ, чанде қабл, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат кўшиши ба савдо расонидани маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ шаҳрванд Исломбек Султонбеков, соли таваллудаш 1951, зодаи ноҳияи Рўшон боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии шахси номбурда аз ў 994, 3 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Мавриди зикр аст, ки боздоштшуда Исломбек Султонбеков соли 2009 тибқи моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Соли 2011 тибқи Қонуни авф ва бо назардошти синну сол аз маҳбас пеш аз муҳлат озод карда шудааст.

Январь 16, 2013 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст