Р.Менглиев: «Шумораи издивоҷ бо хориҷиён коҳиш ёфтааст»
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Нишондоди баланди талоқ дар кишвар хеле ташвишовар мебошад», иттилоъ дод вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 январ баргузор гардид. Вазири адлия зикр кард, ки тибқи омори расмӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, соли гузашта шумораи талоқ то ба 800 ҳолат расида буд. Дар соли 2012 дар Тоҷикистон 7 ҳазору 608 талоқ ба қайд гирифта шуда, дар соли 2011 он 6 ҳазору 797 ҳолатро ташкил дод. Сабабҳои аслии афзоиши мурофиаи талоқдиҳӣ номувофиқатии хулқҳо, безурриётӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғ. мебошанд. Дар ин байн, тибқи маълумоти Р.Менглиев тайи солҳои охир шумораи издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ якбора коҳиш ёфтааст. «Агар дар соли 2010 — 712 издивоҷ бо хориҷиён ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2011 ин шумора то 323 адад коҳиш ёфтааст. Дар соли гузашта ин гуна издивоҷҳо ба 297 адад расида буд», зикр намуд вазир. Вазири адлияи Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҷуғрофиёи кишварҳое, ки бо намояндагонашон издивоҷҳо ба қайд гирифта мешаванд, васеъ аст. Дар соли гузашта 88 издивоҷ бо шаҳрвандони Русия, 87 – то бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, 61-то бо шаҳрвандони Афғонистон, 11-то бо шаҳрвандони Эрон ва 3-то бо шаҳрвандони Чин ба қайд гирифта шудаанд. «Агар сухан дар бораи талоқ бо шаҳрвандони хориҷӣ равад, мо онро ба қайд намегирем ва дар оянда инро, албатта, ба назар хоҳем гирифт»,- тавзеҳ дод Р.Менглиев ва афзуд, ки дар маҷмуъ соли гузашта шумораи ақди никоҳи ба қайд гирифта дар Тоҷикистон 97ҳазору 796 ҷуфтро ташкил дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






