Раёсати хизмати давлатӣ танҳо бо низоми шаҳрвандӣ кор мекунад
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Тоҷикистон 18 ҳазору 364 нафар дар низоми хизмати давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ Гурез Қосимов. Аз рӯи иттилои Қосимов, дар Тоҷикистон се низом вуҷуд дорад: низоми хизматии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва низоми хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Раёсати хизмати давлатӣ танҳо бо низоми шаҳрвандӣ кор мекунад. «Имрӯз музди меҳнати миёнаи хизматчии давлатӣ 650 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2012 маоши миёнаи хизматчии давлатӣ 802 сомониро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2011 зиёдтар аст. Он дар соли 2011 то 661 сомониро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда сол то сол афзоиш меёбад. Бояд гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати хизмати давлатӣ 52 арзу шикоят ва дархости хаттии мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон ворид гардида, 50 адад иҷро ва 2 адад дар баррасӣ қарор дорад. Муроҷиати шифоҳии 435 шаҳрванд қабул ва баррасӣ шудааст. Дар нишасти матбуотӣ инчунин зикр гардид, ки дар соли 2012 бо иштироки 1748 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1333 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматчии давлатӣ тавсия гирифт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






